Cобиқ пешвои ҷавонони ҲХДТ ба сафҳои «Единая Россия» пайваст

Исфандиёр Абдураҳмонов, ки моҳи апрел аз мансаби пешвои бахши ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» истеъфо дода буд, ба сафҳои ҳизби ҳокими Русия – «Единая Россия» (Русияи воҳид) пайваст. Исфандиёр Абдураҳмонов дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» дар ин робита гуфт, ӯ кайҳост, ки шаҳрвандии Русияро ба даст оварда, намехоҳад, ки […]

Меҳрангез Турсунзода



Исфандиёр Абдураҳмонов, ки моҳи апрел аз мансаби пешвои бахши ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» истеъфо дода буд, ба сафҳои ҳизби ҳокими Русия – «Единая Россия» (Русияи воҳид) пайваст.

Исфандиёр Абдураҳмонов дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» дар ин робита гуфт, ӯ кайҳост, ки шаҳрвандии Русияро ба даст оварда, намехоҳад, ки «аз ҳаёти сиёсии Русия дар канор бошад». Ҳизби «Единая Россия»-ро Абдураҳмонов ҳамчун «ҳизби пурмаҳсул» баҳогузорӣ мекунад.

Қаблан Исфандиёр Абдураҳмонов изҳор дошта буд, ки сабаби истеъфояш аз раисии «Созандагон Ватан», ки муддати се моҳ роҳбари он буд, маҳалгароӣ мебошад, ки дар Кумитаи иҷрияи марказии ҲХДТ ҳукмфармо аст.

«Муддати се моҳ ман софдилона вазифаҳои худро иҷро кардам», – шарҳ дода буд ӯ истеъфояшро. – Бисёриҳо ба ман гуфта буданд, ки истеъфои маро ба пешвои ҳизб нодуруст шарҳ хоҳанд дод, вале ман ҳақиқатро мехоҳам. Агар ба хотири ҳақиқат маро бадном созанд, бигзор ҳамин тавр бошад, вале ман шукуфоии Тоҷикистонро хоҳонам».

Ҳамчунин Исфандиёр Абдураҳмонов

дар муроҷиати видеоии худ

изҳороти собиқ ҳаммаслакони ҳизбии худ вобаста ба истеъфояшро мавриди интиқод қарор дод.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи апрел пешвои бахши ҷавонони ҲХДТ Исфандиёр Абдураҳмонов, ки аввали моҳи январ ба ин вазифа интихоб шуда буд, 

аз мансабаш истеъфо дод.

Баъдан Шӯрои ташкилоти «Созандагони Ватан» дар робита ба истеъфои пурсарусадои собиқ пешвои худ Исфандиёр Абдураҳмонов 

қарор (резолютия) қабул карда

, дар он собиқ роҳбари худро маҳкум намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.