Рӯзи 5 август Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо маърузачии махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаи ҳуқуқи инсон ба оби нӯшокии бехатар ва хидматҳои беҳдоштӣ Лео Хеллер ва ҳамроҳони ӯ мулоқот намуд.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо барномаи мазкури Созмони Милали Муттаҳид, нақши парламенти Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои тоза нигоҳ доштани оби нӯшокии бехатар, роҳҳои баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ ҷиҳати ҳифзи муҳити зист, баргузор намудани семинар ва ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ бо иштироки мутахассисон ва коршиносони кишварҳои минтақа вобаста ба масъалаи ҳуқуқи инсон ба оби нӯшокии бехатар ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.
Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар бораи нақши вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани фазои қонунӣ ҷиҳати муоидати мустақим ба ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба масъалаи ҳуқуқи инсон ба оби нӯшокии бехатар ва хидматҳои беҳдоштӣ маълумот дода, таъкид кард, ки парламенти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина қонунҳои алоҳида қабул намуда, ҳамзамон вобаста ба талаботи рӯзмарра ба як қатор қонунҳо тағйироту иловаҳо ворид кардааст.
Шукурҷон Зуҳуров иброз намуд, ки аз фурсат истифода бурда, мехостам ба кулли ҳамшарикони мо, аз ҷумла муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахши хусусӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидати фаъолашон ба татбиқи амалии тадбирҳои Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об изҳори сипос намоям.
Имрӯз масъалаи асосие, ки дар пешорӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст, аз он иборат аст, ки ба чӣ тариқ ӯҳдадориҳои эълоншуда метавонанд ба амалиёт ва нақшаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об пайваста, татбиқи комилу амалии худро ҷиҳати беҳбуди ҳаёти ҳар фард пайдо намоянд. Дар оғози фаъолияти муштараки мо дар чаҳорчӯбаи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», ки бо Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола иртиботи ногусастанӣ дорад, дар пешорӯи мо айнан чунин масъала меистод.
Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин зикр намуд, ки тавре ки дар ҳисоботи солҳои охир оид ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола зикр шудааст, тайи ду даҳсолаи охир зиёда аз 2,1 миллиард одамон бо об беҳтар таъмин гашта, шароити санитарии 1,9 миллиард сокинони замин рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.
Дар баробари ин, ҳоло ҳам 768 миллион нафар обро аз сарчашмаҳои хатарнок истеъмол намуда, тақрибан барои 2,5 миллиард сокинони сайёра шароити аввалияи санитарӣ дастнорас аст.
Зиёда аз ин, пешрафти бадастомада на танҳо дар байни минтақаҳо ва кишварҳо, балки байни аҳолии деҳот ва шаҳрҳои мамлакатҳо номутаносиб аст.
Имрӯз дар Тоҷикистон танҳо 58,5 фоизи аҳолии кишвар сарчашмаҳои хушсифати оби нӯшокӣ ва қариб 30 фоизи он шароити хуби санитарӣ дорад.
Дар панҷ соли охир Ҳукумати кишвар барои ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба захираҳои об зиёда аз 20 стратегия ва барномаву нақшаҳои корӣ қабул кардааст, ки дар чаҳорчӯби онҳо барои лоиҳаҳои мушаххас зиёда аз 500 миллион доллари амрикоӣ масраф мешавад.
Дар иртибот ба таъсири тағйироти иқлим тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров таъкид сохт, ки 93 фисади қаламрави ҷумҳуриро, ки кӯҳҳо ташкил медиҳанд, афзоиши офатҳои табиии бо захираҳои об алоқаманд ба мушоҳида мерасад, ки боиси зиёни бузурги иқтисодиву маънавӣ мегарданд.
Аз ин лиҳоз, дар сатҳи глобалӣ мунтазам мавриди баҳсу муҳокима қарор додани масъалаи офатҳои табиии бо захираҳои об алоқаманд мувофиқи мақсад мебошад.
Раиси парламенти касбии мамлакат ҳамчунин иброз намуд, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолияташ ба хотири мусоидат ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, алалхусус дар соҳаи об, тамоми тадбирҳои лозимаро андешида истодааст.
Аз ҷумла кишвари мо дар қатори дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ аз соли 1992 Созишномаро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идораи муштараки истифода ва ҳифзи захираҳои оби сарчашмаҳои байнидавлатӣ имзо намуда, дар соли 1993 ҳаммуассиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал гардид.
Ба хотири таъмини аҳолии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тозаи ошомиданӣ мо бунёди Консорсиуми байналмилалиро оид ба истифодаи оби тозатарини ошомидании кӯли баландкуҳи Сарез пешниҳод карда будем.
Зимнан, вақте ки дар минтақа афзоиши камбуди захираҳои оби ошомидани ба мушоҳида мерасад, лоиҳаи номбурда, бечунучаро, қобили таваҷҷуҳи хос аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо оид ба истифодаи муштараки захираҳои бойи обу энергетикиаш, ки аз ин лиҳоз дар дунё яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд, ибтикор нишон додааст.
Нерӯи эҳтимолии барқи мо, ки ба андозаи 527 миллиард киловатт-соат дар як сол арзёбӣ мегардад, то ҳол фақат ба қадри 3-4 фоиз истифода мешаваду халос.
Азхудкунии минбаъдаи ин нерӯи бузурги аз лиҳози экологӣ тоза метавонад ба ҳалли фарогири масъалаҳои сершумори муосир ва ояндаи минтақа, аз ҷумла марбут ба таъминот бо об ва амнияти энергетикиву озуқаворӣ мусоидат намояд.
Аз фурсат истифода бурда, мехостам бори дигар изҳор намоям, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманд ва муносибатҳои неки густурда буд ва хоҳад монд.
Мо хуб мефаҳмем, ки танҳо ҳамкории мутамаддин ва иродаи сиёсӣ метавонад ба ҳамаи мо пешрафту инкишофро дар ин ҷода таъмин намоянд. Тоҷикистон ба чунин ҳамкорӣ комилан омода аст, – гуфт дар анҷоми мулоқот Шукурҷон Зуҳуров.
Маърузачии махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаи ҳуқуқи инсон ба оби нӯшокии бехатар ва хидматҳои беҳдоштӣ Лео Хеллер нахуст дар бораи фаъолияти барномаи мазкур маълумот дода, ҳамзамон таъкид кард, ки ин барнома айни ҳол дар бисёр кишварҳои ҷаҳон фаъолиятҳои густурда дорад.
Лео Хеллер аз талошҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Комиссияи экологии ин мақоми олии қонунгузор ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва фазои ҳуқуқӣ ҷиҳати ба оби нӯшокии бехатар ва хидматҳои беҳдоштӣ таъмин намудани аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор дошт, ки барномаи онҳо ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагон мебошад.
Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардиданд.
Дар мулоқот ҳамчунин Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанзода, Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Олимҷон Бобоев иштирок намуданд.



