Идомаи гуфтушуниди Тоҷикистону Қирғизистон оид ба эътидол овардани вазъ дар марз

Нимаи дуюми рӯзи 5 август дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара вохӯрии намояндагони мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон доир гардид, ки Тоҷикистонро дар он муовини фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ Раҷабалӣ Пираков ва Қирғизистонро муовини сардори Хадамоти марзбонии ин кишвар Искандар Мамбеталиев намояндагӣ карданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара дар ин робита […]

Аваз Юлдошев



Нимаи дуюми рӯзи 5 август дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара вохӯрии намояндагони мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон доир гардид, ки Тоҷикистонро дар он муовини фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ Раҷабалӣ Пираков ва Қирғизистонро муовини сардори Хадамоти марзбонии ин кишвар Искандар Мамбеталиев намояндагӣ карданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара дар ин робита иттилоъ дод, дар гуфтушунид ҳамчунин намояндагони мақомоти умури дохилаи кишварҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ низ ҳузур доштанд.

«Зикр гардид, ки вазъ дар қитъаи марз, ки рӯзҳои 3-4 август дар он миёни сокинони маҳаллии ҳард кишвар муноқиша рух дод, таҳти назорат гирифта шуда, барои таъмини амнияту оромӣ ҷонибҳо нерӯву воситаҳои кофӣ доранд», – гуфт манбаъ.

Бино ба гуфтаи манбаъ, имрӯз гуфтушунидҳо идома ёфта, дар он ҷонибҳо масъалаҳои андешидани тадбирҳо ҷиҳати минбаъд такрор нашудани чунин ҳодисаҳо дар марзи давлатиро баррасӣ мекунанд.

Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар яке аз қитъаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зада, ҷонибҳо ба ҳамдигар сангпартоӣ карданд. Рӯзи 4 август низ муноқиша идома ёфт. Тибқи маълумоти гуногун, дар ин муноқиша ба сурати умум аз 200 то 500 нафар иштирок доранд. Шаҳрвандони ҳарду ҷониб ҷароҳатҳо бардоштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.