Кумаки навбатии ИМА ба Агентиии назорати маводи нашъаовар

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар чорчӯбаи Барномаи мубориза бар зидди маводи нашъаовари Фармондеҳии Марказии ИМА маросими супоридани воситаҳои техникӣ, таҷҳизоти тактикӣ, асбобҳои коммуникатсионӣ барои Агентӣ аз тарафи Шӯъбаи ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, воситаҳои техникии мазкур барои […]

ASIA-Plus



Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар чорчӯбаи Барномаи мубориза бар зидди маводи нашъаовари Фармондеҳии Марказии ИМА маросими супоридани воситаҳои техникӣ, таҷҳизоти тактикӣ, асбобҳои коммуникатсионӣ барои Агентӣ аз тарафи Шӯъбаи ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, воситаҳои техникии мазкур барои ҷоннок намудани мубориза бо гурӯҳҳои мутташаккили ҷиноии байналмилалӣ, хусусан дар шароити кӯҳсор равона шудааст.

Гуфта мешавад, муовини якуми Директори Агентӣ полковник Самад Зафар миннатдории хешро барои дастгирии техникӣ ба ҷониби Америка баён намуда, ба ҳамкориҳои байни АНМН ва Сафорати ИМА дар ҶТ дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар баҳои баланд дод.

Роҳбари Барномаи мубориза бар зидди маводи нашъаовари Фармондеҳии Марказии ИМА майор Энтони Гарбаускас инчунин ба тамоюли судманди ҳамкориҳои ИМА ва Тоҷикистон дар ин самт баҳои баланд дода, изҳор намуд, ки саҳми Агентӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар солҳои охир хеле назаррас аст.

Ӯ қайд намуд, ки ИМА минбаъд ҳам кӯшиш менамояд, ки ҳамкориро бо тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус бо Тоҷикистон дар ин самт фаъол намояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.