Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия

Аз 11 то 16 августи соли 2015 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, дар бузургтарин шаҳрҳои ин кишвар – Москва ва Калининград баргузор мегарданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, вобаста ба муҳимияти чорабинӣ, барномаи ҳунарӣ бо ҷалби устодони санъат ва ҷавонони боистеъдод, ки ифодагари суннатҳои миллии тоҷикон, баёнгари назокати овозхонӣ, ромишгарӣ […]

ASIA-Plus



Аз 11 то 16 августи соли 2015 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, дар бузургтарин шаҳрҳои ин кишвар – Москва ва Калининград баргузор мегарданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, вобаста ба муҳимияти чорабинӣ, барномаи ҳунарӣ бо ҷалби устодони санъат ва ҷавонони боистеъдод, ки ифодагари суннатҳои миллии тоҷикон, баёнгари назокати овозхонӣ, ромишгарӣ ва рақсҳои мавзуну дилхурӯш аст, таҳия гардидааст. Ба барнома Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Миралӣ Достиев, Ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Ҳасан Ҳайдаров, овозхонҳо Хуҷастаи Мирзовалӣ, Фотима Машрабова, Фирдавс Ҳошимов, гуруҳи рақсии «Базморо» ва гуруҳи мутрибони созҳои миллӣ шомил гардидаанд. Ҳамчунин дар маросими ифтитоҳ намоиши либосҳои муосиру миллии тарроҳ Хуршед Сатторов ва намоиши аксҳои Шуҳратҷон Ёров, ки инъкосгари урфу одат, манзараҳои зебои Тоҷикистон ва дастовардҳои замони истиқлол мебошанд ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Тибқи барномаи баргузорӣ маросими ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 12 августи соли 2015 дар Кохи «Филармония-2» – и шаҳри Москва дар назар аст. 13 августи дар толори Театри давлатии “Ҳунарманди Синамо” –и шаҳри Москва ва 15 август дар шаҳри Раменское барномаи консертӣ бо иштироки сарояндагон ва гуруҳи мутрибон ба нақша гирифта шудааст.

Таърихи 13 август гуруҳи рақсии “Базморо” ва гуруҳи мутрибони созҳои миллӣ ба шаҳри Калининград сафар намуда, рӯзи 14 август барномаи ҷолибу рангиро ба сокинони ин шаҳри дурдасти Федератсияи Россия пешкаш менамоянд.

Ҳайатро муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Бунафша Одинаева сарварӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.