Чин ба Тоҷикистон 10 млн. юан кумак мефиристад

Ҳукумати Чин тасмим гирифт, ки ба ҳукумати Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 млн. юан (беш аз 1,6 млн. $) кумаки таъҷилии башардӯстона мефиристад. Дар ин бора хабаргузории «Синьхуа» иттилоъ медиҳад. Дар департаменти кумак ба хориҷаи назди Вазорати тиҷорати Чин қайд кардаанд, ки шурӯъ аз моҳи июл бар асари гармои шадид ва офатҳои табиӣ бар асари он, […]

ASIA-Plus



Ҳукумати Чин тасмим гирифт, ки ба ҳукумати Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 млн. юан (беш аз 1,6 млн. $) кумаки таъҷилии башардӯстона мефиристад. Дар ин бора хабаргузории


«Синьхуа»


иттилоъ медиҳад.

Дар департаменти кумак ба хориҷаи назди Вазорати тиҷорати Чин қайд кардаанд, ки шурӯъ аз моҳи июл бар асари гармои шадид ва офатҳои табиӣ бар асари он, дар бисёре аз ноҳияҳои Тоҷикистон одамон ҳалоку ба амволашон осеби ҷиддӣ расонида шуд.

Гуфта мешавад, ояндаи наздик ин кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон ирсол мегардад. «Вазорати тиҷорати Чин вазъи минбаъда дар Тоҷикистон ва талаботи он дар доираи рафъи оқибатҳои офати табииро бодиққат пайгирӣ мекунад», – омадаст дар хабар.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи июл бар асари гармии беҳад зиёд дар Тоҷикистон пиряхҳо тезтар об шуда, дар ноҳияҳои баландкӯҳи кишвар сел омад. Зиёни умумии расида аз ин офати табииро ҳукумат 600 млн. сомонӣ арзёбӣ намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.