Таъсиси шуъбаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар БМТ

Дар сохтори нави Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) шуъбаи ҳимоя аз ҳуқуқҳои истеъмолгарони хизматгузориҳои бонкӣ таъсис дода шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар сохтори нави Бонки миллии Тоҷикистон ба масъалаи ҳимояи манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, воҳиди сохтории нав таҳти унвони «Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон» таъсис дода шуд. Зикр мегардад, ки […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар сохтори нави Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) шуъбаи ҳимоя аз ҳуқуқҳои истеъмолгарони хизматгузориҳои бонкӣ таъсис дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар сохтори нави Бонки миллии Тоҷикистон ба масъалаи ҳимояи манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, воҳиди сохтории нав таҳти унвони «Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон» таъсис дода шуд.

Зикр мегардад, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2015, сохтори нави Бонки миллӣ тасдиқ гардид.

Таъкид мегардад, ки ин қарор «бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва маҳсулнокии фаъолияти кормандон, ба эътидол овардани сохтор, аз байн бурдани вазифаҳои такроршаванда, интихоб ва дуруст ҷойгиркунии кормандон, аз байн бурдани бархурди манфиатҳо» қабул шуд.

Гуфта мешавад, тибқи қарори мазкур сохтори нави Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2015 мавриди амал қарор мегирад.

Қобили зикр аст, ки дар сохтори нав 197 штати корӣ ихтисор шуда, фаъолияти як қатор воҳидҳои сохторие, ки бевосита ба идоракунии бонк дахл надоранд, ба ҳисоби худмаблағгузорӣ гузаронида мешаванд.

Қайд мешавад, ки ғайр аз ин, бо мақсади беҳтар гардидани вазъи молиявӣ ва гузаронидани ислоҳот дар Бонки миллии Тоҷикистон Нақшаи стратегӣ оид ба фаъолияти солимгардонии БМТ барои солҳои 2015-2019 таҳия гардид.

Тибқи талаботи Нақшаи мазкур ислоҳот дар бахшҳои гуногун ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати пулӣ, такмили фишангҳои он, беҳтар намудани идорасозии хавфҳои асъорӣ, танзими сармоя, дедоларикунонии иқтисодиёт, зиёд намудани эътимоднокии мардум ба пули миллӣ дар назар гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.