Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон



Бо фармони презденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Тибқи маълумоти Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ, раиси Шӯро бевосита Президенти ҶТ, муовини аввали раиси Шӯро – муовини сарвазири ҷумҳурӣ Марҳабо Ҷабборӣ ва котиби масъули Шӯро – раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ мебошанд.

Гуфта мешавад, ҳайати Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 43 нафар, аз ҷумла раис, муовини ӯ, котиби масъул ва роҳбарони воҳидҳои сохтории алоқаманди Дастгоҳи иҷроияи президент, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон иборат мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки мақсаду ҳадафи асосии Шӯро таҳлили вазъият дар байни ҷавонон, анҷом додани таҳлилҳои соҳавӣ ва пешниҳоди таклифҳо дар самти такмили қонунгузории ҶТ вобаста ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва бартараф кардани мушкилоти ҷавонон дар кишвар, омода намудани таклифҳо дар самти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва андешидани тадбирҳо оид ба ташаккули заминаҳо барои таъмини манфиатҳои ҷавонон ва фаро гирифтани онҳо бо хизматрасониҳои гуногуни алоқаманд ба худамалисозӣ дар шароити ҷомеаи муосир аст.

Ҳамчунин анҷом додани корҳои ҳамоҳангсозӣ ва машваратӣ бо мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои фаъолияти пурсамар дар самти кор бо ҷавонон, таъсиси муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон ва баррасии дигар масъалаҳои муҳими сиёсати давлатӣ нисбат ба ҷавонон низ аз ҳадафҳои фаъолияти Шӯрои мазкур унвон мешаванд.

spot_imgspot_img

Популярное