Тоҷикистон барқарор кардани Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказиро пешниҳод кард

Низоми энегетикии Тоҷикистон барои фаъолияти муштарак дар доираи Низоми ягонаи энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ комилан омода аст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар доданд. «Агар мувофиқаҳои дахлдор ҳосил шаванд, мо ба интиқоли неӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Ӯзбекистон омодаем. Барои роҳандозии ин корҳо ба мо […]

ASIA-Plus



Низоми энегетикии Тоҷикистон барои фаъолияти муштарак дар доираи Низоми ягонаи энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ комилан омода аст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар доданд.

«Агар мувофиқаҳои дахлдор ҳосил шаванд, мо ба интиқоли неӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Ӯзбекистон омодаем. Барои роҳандозии ин корҳо ба мо на зиёдтар аз як соат вақт лозим аст», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори барқарор шудани кори муштараки низоми энергетикии кишварҳои минтақа аст. «Дар ҷаласаи ахири Шӯрои энергетикии кишварҳои узви ИДМ дар Ереван бо ташаббуси Тоҷикистон ба рӯзнома ворид кардани масъалаи барқарор шудани кори ин низом пешниҳод шуд ва он аз ҷониби қариб ҳамаи иштирокдорони ин чорабинӣ дастгирӣ ёфта, дар санади ниҳоии ҷаласа дар банди ҷудогона ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Турманистон тавсия дода шуд, ки ҳамкорӣ дар ин самтро барқарор созанд», – изҳор дошт манбаъ.

Таъкид шуд, ки Туркманистон низ ин пешниҳодро комилан дастгирӣ намуда, ба кори муштарак омодагӣ изҳор кард. «Мушкили ягона ин аст, ки Ӯзбекистон қисмати хати баландшиддати интиқоли барқи 500 КВ-и худ аз зеристгоҳи Регар (Тоҷикистон) то зеристгоҳи Гузар (Ӯзбекистон)-ро корношоям кардааст, вале агар хоҳиш бошад, барои барқарор кардани ин хат ҳамаи имконот мавҷуда аст», – қайд кард манбаъ.

Дар Вазорат хотиррасон намуданд, ки моҳи декабри соли 2009 баъди ба реҷаи кори дохилӣ (автономӣ) гузаштани Ӯзбекистон, Тоҷикистон аз Низоми ягонаи энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар канор монд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.