Ҳунарнамоии муваффақонаи Оркестри филармонии Чин дар Душанбе

Оркестри филармонии Чин иборат аз 120 нафар рӯзи 6 август дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар Душанбе ҳунарнамоӣ карданд. Сафари чунин оркестрҳо ба Тоҷикистон бори нахуст сурат мегирад. Дар сухани шодбошии худ сафири Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун изҳор намуд, ки ин консерт дар чаҳорчӯби чорабиниҳо ба муносибати […]

ASIA-Plus



Оркестри филармонии Чин иборат аз 120 нафар рӯзи 6 август дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар Душанбе ҳунарнамоӣ карданд. Сафари чунин оркестрҳо ба Тоҷикистон бори нахуст сурат мегирад.

Дар сухани шодбошии худ сафири Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун изҳор намуд, ки ин консерт дар чаҳорчӯби чорабиниҳо ба муносибати амалисозии ташаббуси Чин дар бораи ташкили ҳалқаи иқтисодии Роҳи Абрешим ва 70-солагии Ғалаба бар фашизм баргузор мешавад.

Сафари оркестр бо чунин ҳайат – 120 нафар гоҳ-гоҳ ба ҷумҳурии мо сурат мегирад ва аз ин рӯ, ҳаводорони мусиқии классикӣ аз ин фурсат истифода бурда, аз ҳунарнамоии мумтозонаи мусиқачиёни Чин баҳра бурданд.

Дар ин консерт муовини нахуствазири кишвар, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ ва намояндагони як қатор сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон ҳузур доштанд. Баъди консерти нахустин дар Душанбе Оркестри филармонии Чин бо сафарҳои ҳунарӣ ба Бишкеку Алмаато ва сипас ба дигар шаҳрҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ раҳсипор мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.