Дастгирии ҳукумати ИМА аз соҳибкорзанони тоҷик

Рӯзи 6-уми август сафири ИМА хонум Сюзан М. Эллиотт дар якҷоягӣ бо роҳбарияти  Оҷонсии Иттиҳоди Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон оид ба рушди байналхалқӣ (ЮСАИД) ва Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) ба лоиҳаи «Фаъолияти соҳибкории занон-воситаи васеъ намудани имкониятҳо  ва ҳуқуқҳои онҳо» дар Қурғонтеппа ҳусни оғоз бахшиданд. Дар маросими мазкур  муовини раиси вилояти Хатлон Абдуҷаббор Баҳодуров […]

ASIA-Plus



Рӯзи 6-уми август сафири ИМА хонум Сюзан М. Эллиотт дар якҷоягӣ бо роҳбарияти  Оҷонсии Иттиҳоди Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон оид ба рушди байналхалқӣ (ЮСАИД) ва Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) ба лоиҳаи «Фаъолияти соҳибкории занон-воситаи васеъ намудани имкониятҳо  ва ҳуқуқҳои онҳо» дар Қурғонтеппа ҳусни оғоз бахшиданд. Дар маросими мазкур  муовини раиси вилояти Хатлон Абдуҷаббор Баҳодуров ҳозиринро бо суханони ифтитоҳи пазироӣ намуд.

Лоиҳаи сесола ба самти коҳиш додани  сатҳи камбизоатӣ тавассути густариш додани иқтидори занон ҷиҳати ташкили фаъолияти бомуваффақияти соҳибкорӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ равона карда шудааст. Лоиҳаи номбурда ба баробарии гендерӣ ва васеъ гардонидани ҳуқуқу имкониятҳои занон мусоидат намуда, занонеро, ки хоҳиши шурўи фаъолияти соҳибкории хурд доранд, рўҳбаланд сохта, дастгирӣ менамояд. Ин барнома инчунин аз афзалиятҳои ташаббуси президент Обама «Озукаворӣ ба хотири оянда» оид ба бехатарии озуқаворӣ, ки аз ҷониби ЮСАИД дар вилояти Хатлон татбиқ мегардад, ҷонибдорӣ менамояд. Ташаббуси «Озукаворӣ ба хотири  оянда» ба афзоиши истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ ва зиёд намудани даромади занону мардон дар манотиқи деҳот, ки барои онҳо соҳаи кишоварзӣ манбаи даромад ба ҳисоб меравад,  мусоидат мекунад. Он, инчунин, ба беҳтар намудани сифати озуқаворӣ дар Тоҷикистон, ба хусус, барои занону кўдакон равона карда шудааст.

Сафир Эллиотт нақши муҳими занонро дар ҷараёни рушд, моҳияти дастрасии занро ба захираҳои иҷтимоӣ, молӣ ва сиёсӣ таъкид намуд.  «Таъсироти мусбати лоиҳаҳо, ки  ба занон барои беҳдошти вазъи саломатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва беҳтар кардани шароити хуби зиндагӣ имкониятҳоро фароҳам меоваранд, берун аз  доираи як  фард аст. Маблағгузорӣ ба ояндаи зан ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии  хонаводаи ӯ, ки он метавонад дар сохтани ҷомеаҳои  усувор кӯмак расонад, мусоидат мекунад. 

 Директори генералии АМЗСТ Гулбаҳор Маҳкамова зикр намуд,”барнома бо хоҷагиҳои фермерӣ ва корхонаҳои хурд ҳамкорӣ намуда, ба хоҷагиҳои аз тарафи занон роҳбарикунанда, ки машғули сабзавоткорӣ ва мевапарварӣ мебошанд, таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамояд. Барномаи мазкур аз сабаби моҳияти ин манотиқ дар таъмини бехатарии озуқаворӣ барои хонаводаҳо дар доираи ин мавзеҳо равона шудааст. 

 Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида тасмим гирифтааст, ки кўмак ва дастгирии хешро ба халқи Тоҷикистон идома дода, минбаъд аз нақши фаъоли занон дар рушди иқтисодии Тоҷикистон ҷонибдорӣ хоҳад кард. Аз соли 1992 то ин ҷониб халқи Амрико зиёда аз 1 миллиард доллари амирикоиро ба  барномаҳо ва ёрии башардўстона, ки барои дастгирии ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисод дар Тоҷикистон равона шудаанд, сарф намудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.