ҲХДТ ва «Единая Росия» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва ҳизби «Единая Россия» (Русияи воҳид)-и Русия ба наздикӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд. Сухангӯи ҲХДТ Усмон Солеҳ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки лоиҳаи созишнома миёни ҷонибҳо мувофиқа шуда, «танҳо муайян кардани санаи имзои он боқӣ мондааст». Дар лоиҳаи созишномаи мазкур роҳандозии ҳамкориҳо миёни ҷонибҳо дар бахшҳои табодули […]

Аваз Юлдошев



Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва ҳизби «Единая Россия» (Русияи воҳид)-и Русия ба наздикӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.

Сухангӯи ҲХДТ Усмон Солеҳ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки лоиҳаи созишнома миёни ҷонибҳо мувофиқа шуда, «танҳо муайян кардани санаи имзои он боқӣ мондааст».

Дар лоиҳаи созишномаи мазкур роҳандозии ҳамкориҳо миёни ҷонибҳо дар бахшҳои табодули таҷриба, иттилоот, ҳайатҳо ва омодакунии кадрҳо пешбинӣ шудааст.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он ҳудуди 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ҳизби сиёсии умумирусиягии «Единая Россия» бузургтарин ҳизб дар Русия ба шумор рафта, раиси ҳозираи он нахутсвазири кунунии ин кишвар Дмитрий Медвелев аст. Шумори аъзои ҳизби «Единая Россия» беш аз 2,5 млн. нафарро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл Исфандиёр Абдураҳмонов собиқ пешвои бахши ҷавонони ҲХДТ – Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»

ба сафҳои ҳизби «Единая Россия» пайваст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.