Ҳукми 5 соли зиндон ба собиқ корманди дастгоҳи иҷроияи президент

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт собиқ мушовири дастгоҳи ёвари президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрӣ Ҳасан Раҷабовро ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ , ҳукм ахири ҳафтаи гузашта содир шуда, мурофиа пушти дарҳои пӯшида сурат гирифтааст. Ба тафтиши парванда бо иттиҳоми коррупсия ва порагирӣ Кумитаи давлатии амнияти миллӣ машғул будааст. […]

ASIA-Plus



Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт собиқ мушовири дастгоҳи ёвари президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрӣ Ҳасан Раҷабовро ба 5 соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба маълумоти

Радиои Озодӣ

, ҳукм ахири ҳафтаи гузашта содир шуда, мурофиа пушти дарҳои пӯшида сурат гирифтааст. Ба тафтиши парванда бо иттиҳоми коррупсия ва порагирӣ Кумитаи давлатии амнияти миллӣ машғул будааст.

Собиқ мушовири дастгоҳи ёвари президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрӣ Ҳасан Раҷабов аввали моҳи июн аз ҷониби кормандони КДАМ ба гумони ришваситонӣ ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ дар содир амудани ҷиноят мутобиқи моддаи 319-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул, коғазҳои қимматнок, молу мулк ё фоидаи дорои характери молу мулкӣ дошта, барои иҷро кардан ё накардани амали муайян ба манфиати порадиҳанда ё намояндагони ӯ, агар чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) ба доираи ваколати хизматии шахси мансабдор) айбдор карда мешавад.

Як манбаъи Озодӣ аз мақомоти судӣ хабар додааст, ки ҳукми додгоҳ содир шуд, вале ҳанӯз мавриди иҷро қарор нагирифтааст ва вакилони маҳкумшуда ба бозбинӣ шудани парванда бовар доранд.

Парванда ахири моҳи июл ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ирсол гаштааст. Вале то ҳанӯз додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба таври расмӣ аз ҳукми худ дар мавриди Ҳасан Раҷабов  иттилоъ надодааст. Масъулони додгоҳ хабари баргузории мурофиаро на тасдиқ карданд ва на рад.

Ба вазифаи мушовири дастгоҳи ёвари президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрӣ Ҳасан Раҷабов 21 феврали соли 2014 таъин шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.