Савганди садоқати Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ба Давлати исломӣ

Созмони «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» (ҲИӮ) навори ивдеоие интишор намуд, ки дар он дар бораи барҳам дода шудани ҳаракат ва ба як қисмате аз созмони ифротгарои «Давлати исломӣ» табдил ёфтани он хабар дод. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ , рӯзи 6 август раҳбари ҲИӮ Усмон Ғозӣ ва мусаллаҳони ӯ ба забони арабӣ ба ба гурӯҳи ситезаҷӯи […]

ASIA-Plus



Созмони «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» (ҲИӮ) навори ивдеоие интишор намуд, ки дар он дар бораи барҳам дода шудани ҳаракат ва ба як қисмате аз созмони ифротгарои «Давлати исломӣ» табдил ёфтани он хабар дод.

Бино ба иттилои

Радиои Озодӣ

, рӯзи 6 август раҳбари ҲИӮ Усмон Ғозӣ ва мусаллаҳони ӯ ба забони арабӣ ба ба гурӯҳи ситезаҷӯи “Давлати Исломӣ” ва раҳбари он Абӯбакри Бағдодӣ байъат кардаанд.

Сухангӯи навор бархе аз қисматҳои ин савгандро тарҷума мекунад ва мегӯяд, “аз ин ба баъд мо танҳо ҳаракат нестем, балки давлат ҳастем”. Вай илова мекунад, ки аъзои ҲИӮ аз ин ба баъд бояд афроди “вилояти Хуросони “Давлати исломӣ” номида шаванд.

Сипас дар навор Ғозӣ тасмими худро шарҳ медиҳад: “Худоро шукр, бо хости Аллоҳ мо ба хилофате, ки воқеан ба ислом таъзим кард, байъат кардем ва акнун бахше аз он ҳастем.”

Гуфта мешавад, рӯшан нест ин навор кай дар куҷо бардошта шудааст. Гузоришҳо дар бораи афзоиши тамоюли ҲИӮ ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳафтаҳо ба ин сӯ пахш мешуд.

ҲИӮ, ки дар Афғонистон ва Покистоне фаъолият дорад, асосан аз марду занони Узбакистон ва кишварҳои дигари Шӯравии собиқ иборат аст. Аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА, ҳукуматҳои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ин ҳаракат як созмони террористӣ унвон мешавад. Маълум гаштааст, ки он бо шабакаи ал-Қоида ва ҷунбиши Толибон ҳамкорӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.