Дастури вазири корҳои дохилӣ оид ба танзими ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои пойтахт

Имрӯз вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз  Маркази худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» боздид ба амал овард. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни шиносоӣ бо фаъолият ва сӯҳбат бо кормандони «Маркази «Шаҳри бехатар» Вазири корҳои дохилӣ аз ҳар кадоми онҳо талаб намуд, ки вазифаҳои ба зимма доштаашонро бо […]

ASIA-Plus



Имрӯз вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз  Маркази худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» боздид ба амал овард.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни шиносоӣ бо фаъолият ва сӯҳбат бо кормандони «Маркази «Шаҳри бехатар» Вазири корҳои дохилӣ аз ҳар кадоми онҳо талаб намуд, ки вазифаҳои ба зимма доштаашонро бо дарки баланди масъулиятшиносӣ иҷро намуда, дар доираи талаботҳои қонуну қоидаҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намоянд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи интизомнокии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирӣ намудани садамаҳои нохуши нақлиётӣ, ҳифзи тартиботи чамъиятӣ ва ба танзим даровардани истифода ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои нақлиётгарди ҷумҳурӣ, махсусан кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе фаъолият пурзӯр карда шавад.

Дар хотима Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷиҳати бартараф намудани камбудию мушкилоти ҷойдошта ба масъулини соҳа як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.