Афзоиши назарраси кумакҳои хориҷӣ ба бахши энергетикаи Тоҷикистон

Давоми соли равон кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои мададрасони байнулмилалӣ барои рушди бахши энергетика ҳудуди 204 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ мекунанд, ки ин ҳаҷми кумаки шарикон оид ба рушди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон нисбат ба нишондиҳандаи соли 2014 тақрибан 2,7 баробар зиёдтар аст. Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита […]

Пайрав Чоршанбиев



Давоми соли равон кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои мададрасони байнулмилалӣ барои рушди бахши энергетика ҳудуди 204 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ мекунанд, ки ин ҳаҷми кумаки шарикон оид ба рушди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон нисбат ба нишондиҳандаи соли 2014 тақрибан 2,7 баробар зиёдтар аст.

Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки соли гузашта дар доираи 19 лоиҳаи кумаки хориҷӣ аз ҷониби 14 кишвару ташкилотҳои  мададрасон дар ҳаҷми умумии 65,7 млн. доллари ИМА баҳри рушди ин соҳа маблағгузорӣ шуд. 

Бино ба маълумоти Кумита, қисмати зиёди кумак ба бахши энергетикаи Тоҷикистон дар соли 2014 ба «Эксимбонк» -и Чин (24,6 млн. $) ва Бонки осиёгии рушд (23 млн. $) рост меояд, ки мутаносибан 37,7% ва 35,2% аз ҳаҷми умумии кумак ба ин соҳаро ташкил медиҳад. Соли гузашта ин бахши иқтисоди Тоҷикистонро ҳамчунин Бонки ҷаҳонӣ (5,8 млн. $), Иттиҳоди Аврупо (2,6 млн. $) ва дигар давлатҳову ташкилотҳо дастгирӣ карданд.

Дар Кумита таъкид доштанд, ки давоми солҳои 2002-2008 ҳаҷми кумакҳо ба бахши энергетикаи ҷумҳурӣ тамоили болоравӣ дошта, соли 2008 ба маблағи наздики 176 млн. доллари ИМА кумаки ҳадди баландтарин расонида шуда буд.

«Солҳои минбаъда кумак ба ин бахш тадриҷан коҳиш ёфта, соли 2012 қариб 38 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, аммо шурӯъ аз соли 2013 ҳаҷми кумак ба ин соҳа боз зиёд шуда, соли гузашта ба 65,7 млн. доллари ИМА расид, ки 16,7% аз ҳаҷми умумии кумак ба ҷумҳуриро ташкил медиҳад», – гуфтанд дар Кумита.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.