Сафорати ИМА ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон таҷҳизоти тактикӣ тақдим кард

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Сараёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ва Гвардияи миллӣ беш аз 975 таҷхизоти тактикӣ тақдим кард. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар ин робита хабар доданд, кумаки мазкур беш аз як миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ шуда, аз ҷониби Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид […]

ASIA-Plus



Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Сараёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ва Гвардияи миллӣ беш аз 975 таҷхизоти тактикӣ тақдим кард.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар ин робита хабар доданд, кумаки мазкур беш аз як миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ шуда, аз ҷониби Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бо маводи мухаддир (СЕНТКОМ) маблағгузорӣ гардидааст.

«Таҷҳизоти тактикии мазкур аз тарафдории мунтазами ИМА дар мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Таҷҳизоти мазкур ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори идораҳоро дар мубориза зидди маводи мухаддир дар муайян намудан, пешгирӣ ва аз байн бурдани қочоқи маводи мухаддир дар қаламраву марзҳои Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Тавассути афзоиши миқдори давраҳои омӯзишӣ ва муҷҷаҳазгардонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба сӯи хотимаи ҳаводиси марбут ба маводи мухаддир қадами назаррас мешавад», – омадааст дар маълумот.

Роҳбари Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бо маводи мухаддир (СЕНТКОМ) майор Энтони Гарбаускас дар Сафорати ИМА қайд намудааст, ки тақдими таҷҳизоти амниятии мазкур аз манфиатдории ИМА оид ба ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати решакан кардани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа шаҳодат медиҳад. Майор Гарбаускас ба агентиҳои Тоҷикистон барои кӯшишу талошҳои мунтазамашон дар мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва омодагӣ барои ҳамкорӣ бо ИМА изҳори сипос намуд.

Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бо маводи мухаддир ба Тоҷикистон дар рушду омода намудани як нерӯи мустақилу самарабахш барои мубориза зидди гардиши маводи нашъаовар дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Аз соли 2007 инҷониб дар доираи Барномаи мазкур ба маблағи тақрибан 145 миллион доллари амрикоӣ кӯмак расонида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.