«Барқи тоҷик» ҳайати кормандонашро ихтисор мекунад

Дар доираи амалисозии барномаи аз ҷониби ҳукумат тасдиқшудаи навсозии сохтори ширкати «Барқи тоҷик, ихтисор шудани ҳайати кормандон дар ин корхона ба нақша гирифта шудааст. Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо ин мақсад гурӯҳи корӣ ба омӯзиши масъалаҳои такроршавии вазифаҳои кормандон, нолозим будани баъзе вазифаҳо ва ҳамчунин […]

Аваз Юлдошев



Дар доираи амалисозии барномаи аз ҷониби ҳукумат тасдиқшудаи навсозии сохтори ширкати «Барқи тоҷик, ихтисор шудани ҳайати кормандон дар ин корхона ба нақша гирифта шудааст.

Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо ин мақсад гурӯҳи корӣ ба омӯзиши масъалаҳои такроршавии вазифаҳои кормандон, нолозим будани баъзе вазифаҳо ва ҳамчунин зарурати барҳамдиҳии баъзе воҳидҳои корхона машғул аст.

Ӯ таъкид дошт, ки ояндаи назди гурӯҳи корӣ дар бораи натиҷа ва хулосаҳояш ба раҳбарияти ширкат ҳисобот хоҳад дод. «Ихтисори ҳайати кормандони ширкат пеш аз ҳама ба беҳбуди вазъи молиявии корхона нигаронида шудааст», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.