Лату кӯб ва ғорати «Айфон»-и як ноболиғ дар Ҳисор

Ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҳисор марди 28-солаи сокини ҳамин ноҳия бо ариза дар бораи лату кӯб ва ғорати бародари ноболиғаш муроҷиат намудааст. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон бо такя ба гуфтаҳои аризадиҳанда дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки нимаи рӯзи 9 август шахсони номаълум дар назди маркази ноҳия бародари 16-солаашро лату кӯб намуда, бо роҳи […]

ASIA-Plus



Ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҳисор марди 28-солаи сокини ҳамин ноҳия бо ариза дар бораи лату кӯб ва ғорати бародари ноболиғаш муроҷиат намудааст.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон бо такя ба гуфтаҳои аризадиҳанда дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки нимаи рӯзи 9 август шахсони номаълум дар назди маркази ноҳия бародари 16-солаашро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони тамғаи “Айфон” ва маблағи 2538 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Гуфта мешавад, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 22 ва 18-солаи сокинони  ноҳияи Ҳисор бо гумони даст доштан дар ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.