Оғози Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия

Имрӯз дар толори консерти «Филармония-2»-и ба номи Сергей Рахманинови шаҳри Маскав Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия оғоз мегардад. Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳайати расмии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ муовини вазири фарҳанг Бунафша Одинаева, сардори департаменти илм ва маорифи дастгоҳи президенти ҶТ Сайфуддин Давлатов, […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар толори консерти «Филармония-2»-и ба номи Сергей Рахманинови шаҳри Маскав Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия оғоз мегардад.

Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳайати расмии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ муовини вазири фарҳанг Бунафша Одинаева, сардори департаменти илм ва маорифи дастгоҳи президенти ҶТ Сайфуддин Давлатов, сардори Раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги ҶТ ва ҳамзамон директори Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия Олим Акрамов намояндагӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҶТ, вобаста ба муҳимияти чорабинӣ, бо ҷалби устодони санъат ва ҷавонони боистеъдод, ки ифодагари суннатҳои миллии тоҷикон, баёнгари назокати овозхонӣ, ромишгарӣ ва рақсҳои мавзуну дилхурӯш аст, барномаи ҳунарӣ таҳия гардидааст. Ба барнома Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Миралӣ Достиев, Ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Ҳасан Ҳайдаров, овозхонҳо Хуҷастаи Мирзовалӣ, Фотима Машрабова, Фирдавс Ҳошимов, гуруҳи рақсии «Базморо» ва гуруҳи мутрибони созҳои миллӣ шомил гардидаанд. Ҳамчунин дар маросими ифтитоҳ намоиши либосҳои муосиру миллии тарроҳ Хуршед Сатторов ва намоиши аксҳои Шуҳратҷон Ёров, ки инъкосгари урфу одат, манзараҳои зебои Тоҷикистон ва дастовардҳои замони истиқлол мебошанд ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Рӯзи 13 августи дар толори Театри давлатии “Ҳунарманди Синамо” –и шаҳри Москва ва 15 август дар шаҳри Раменское барномаи консертӣ бо иштироки сарояндагон ва гуруҳи мутрибон ба нақша гирифта шудааст.

Таърихи 13 август гуруҳи рақсии “Базморо” ва гуруҳи мутрибони созҳои миллӣ ба шаҳри Калининград сафар намуда, рӯзи 14 август барномаи ҷолибу рангинро ба сокинони ин шаҳри дурдасти Федератсияи Россия пешкаш менамоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.