Нобудсозии беш аз 18,5 ҳазор бех ниҳоли бангдона дар Суғд



Рӯзи 11 август кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ  беш аз 18,5 ҳазор бех ниҳоли бангдонаро ошкор карданд.

Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2015” дар заминҳои бекорхобидаи хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 18 ҳазору 590 бех ниҳоли банги худрӯйро ошкор намуданд.

Гуфта мешавад, дар ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони мақомоти салоҳиятдор ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ниҳолҳои ошкоршуда бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное