Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки аз 1 июл ба таътили тобистона рафта буданд, аз рӯзи душанбеи оянда, 17 август ба фаъолият дар кумитаву комиссияҳо шурӯъ мекунанд.
«Аз рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда вакилон ба омӯзиши лоиҳаи қонунҳо, ки замони дар рухсатӣ буданашон аз ҷониби ҳукумат ва президент ба палатаи поёнии парлумон ворид шудааст, оғоз мекунанд», – гуфт сухангӯи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳамммадато Султонов.
Ӯ қайд кард, ки то 1 октябр, замони оғози кори иҷлосияи дуюми палатаи поёнии парлумон даъвати панҷум, вакилони мардумӣ дар минтақаҳо бо интихобкунандагонашон як силсила вохӯриҳо мегузаронанд.



