Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Соати 19-00 дар «Театри Киноактёр»-и шаҳри Маскав дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия ҳунарнамоии санъаткорони тоҷик идома меёбад;

– Дар Душанбе Ярмарка-намоишгоҳи байнулмилалии маърифатии Ҷумҳурии Беларус ба кори худ идома медиҳад.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

6.2748

сомонӣ;


1

евро –

6.9958

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.10


46



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1937

– Ташкили Хонаи ҷумҳуриявии эҷодиёти халқи Тоҷикистон.


1937

– Шӯрои комисарони халқ ва КМ ҲК (б) Тоҷикистон дар бораи ташкил кардани Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ қарор қабул карданд.


1937

— Таъсис ёфтани Филармонияи давлатии Тоҷикистон.


2006

— Дар оилаи Мӯсоевҳо дар шаҳри Душанбе сокини 7-миллионнафараи Тоҷикистон ба дунё омад. Тифлро Фаридун ном гузоштанд.


2007

— Дар Тоҷикистон ташкилоти нави гурӯҳи расонаҳо (медиа) – Ташкилоти рушди журналистони ҷавон таъсис дода шуд.


2009

— Дар Душанбе миёни Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва Палатаи савдо ва саноати музофотҳои ғарбии Афғонистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.


2014

— Дар пойтахти Тоҷикистон сохтмони дарозмуҳлати бинои меҳмонхонаи панҷиторадори «Sheraton», ки соли 2005 оғоз гардида буд, ба итмом расид.


1899-1966

– Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Бобоқул Файзуллоев.


1932

– Мавлуди оҳангсоз Ҷӯрабой Охунов.


1943

– Зодрӯзи нависанда Абдуғаффори Партав.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +28+33.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +20+25.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогона борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +12+17, рӯзона +26+31; дар шарқ шабона +6+11, рӯзона +15+20.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +27+32. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +36+38.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +37+39.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +29+31.

spot_imgspot_img

Популярное