Қариб нисфи маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба металл ва сангҳо рост меояд

Нимсолаи аввали соли равон воридкунандагони асосии маҳсулот аз Тоҷикистон Туркия ва Швейтсария маҳсуб меёбанд. Аз Агентии омори назди президенти ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ин давра аз Тоҷикистон ба Туркия ба маблағи ҳудуди 120 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шудааст, ки 27,6% аз ҳаҷми умумии содироти маҳсулот дар 6 моҳи […]

Пайрав Чоршанбиев



Нимсолаи аввали соли равон воридкунандагони асосии маҳсулот аз Тоҷикистон Туркия ва Швейтсария маҳсуб меёбанд.

Аз Агентии омори назди президенти ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ин давра аз Тоҷикистон ба Туркия ба маблағи ҳудуди 120 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шудааст, ки 27,6% аз ҳаҷми умумии содироти маҳсулот дар 6 моҳи соли ҷориро ташкил медиҳад. Дар ин муддат ба Швейтсария ба маблағи беш аз 92,6 млн. доллари ИМА (21,3% аз ҳаҷми умумии содирот) маҳсулот интиқол дода шудааст.

Соли ҷорӣ маҳсулот аз Тоҷикистон ҳамчунин ба Қазоқистон (18,4%), Эрон (7,1%), Русия (6,5%), Афғонистон (5,0%), Покистон ва ИМА ( (3,2%-ӣ), Чин (1,7%), Италия (1,5%), Нидерланд (0,9%), Ӯзбекистон (0,8%) ва дигар кишварҳо содирот шудааст.

Бино ба маълумоти Агентии омор, 26,5% аз ҳаҷми умумии содирот аз Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-июни соли равон ба металлҳои камбаҳо, 23,1% – ба металл ва сангҳои гаронбаҳо ва нимагаронбаҳо, 22,2% – ба маҳсулоти минералӣ, 18,1% – ба маҳсулоти бофандагӣ ва маснӯот аз он, 6,5% – ба воситаҳои нақлиёт, мошинҳо ва таҷҳизот ва 4,4% – ба маҳсулоти рустанӣ рост меояд.

Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, нимсолаи аввал аз Тоҷикистон ба маблағи умумии 109 млн. доллари ИМА алюминий содирот шудааст, ки ҳудуди 25% аз ҳаҷми умумии содироти кишварро ташкил медиҳад. Давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба маблағи умумии 434,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин давра ба Тоҷикистон маҳсулот ба миқдори нисбатан бештар аз Русия (31,6% аз ҳаҷми умумии воридот), Чин (17,1%) ва Қазоқистон (16,8%) ворид карда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.