Гулӯлаҳои ҷанги Афғонистон то сарзамини Тоҷикистон расиданд

Вазорати мудофиаи Афғонистон барои партоб ва дар қаламрави Тоҷикистон таркидани ду гулӯла аз миномёти артиши Афғонистон, ки барои нобуд сохтани ҷангиёни Толибон дар минтақаи наздимарзӣ истифода шуда буданд, аз Тоҷикистон расман узр пурсид. Дар ин бора васоити ахбори умуми Афғонистон иттилоъ медиҳанд. Тавре як манбаъ аз Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин […]

Аваз Юлдошев



Вазорати мудофиаи Афғонистон барои партоб ва дар қаламрави Тоҷикистон таркидани ду гулӯла аз миномёти артиши Афғонистон, ки барои нобуд сохтани ҷангиёни Толибон дар минтақаи наздимарзӣ истифода шуда буданд, аз Тоҷикистон расман узр пурсид. Дар ин бора васоити ахбори умуми Афғонистон иттилоъ медиҳанд.

Тавре як манбаъ аз Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, минаҳо дар наздикии деҳаҳои ноҳияи Фархори ҳаммарз бо Афғонистон таркида, аз онҳо касе осеб надидааст.

Бино ба маълумоти ВАО-и Афғонистон бо такя ба кормнадони воломақоми сохторҳои қудратии ин кишвар, давоми як ҳафта дар натиҷаи амалиёти муваффақонаи кормандони ин сохтор ҷангиёни ҳаракати Толибон ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҳаммарз бо Тоҷикистон берун карда шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба хабари як манбаъи «Азия-Плюс» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, ҳанӯз аввали моҳи марти соли ҷорӣ пас аз ноамн шудани вазъ дар минтақаҳои наздимарзии Афғонистон, Тоҷикистон хатти дуюми мудофиа дар ин самтро ташкил намуд. Нерӯ ва воситаҳои иловагӣ, техникаи ҷангии сохторҳои қудратии кишвар ба ин қитъаи марзи давлатӣ сафарбар шуданд.

Ғайр аз ин, моҳи май президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки барои таҳкими ҳифзи марз бо Афғонистон дар сурати зарурат сарбозону афсарони эҳтиётии артиш омода ва сафарбар карда шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.