Рӯзи 13 август зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони бастани аҳди ғайриқонунӣ бо металҳои қиматбаҳо дастгир гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 32-адад сангҳои табии клиногумит дарёфт ва мусодира карда шуд, ки вазни умумиашон 30,89-граммро ташкил дод.
Гуфта мешавад, аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.



