Гузориш: Иқтисоди Тоҷикистон ба дар як сатҳ нигаҳдории асъори худ қодир нест

Коршиносони байнулмилалӣ бар ин назаранд, ки мисоли поинравии бесобиқаи қурби арзи миллии Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки иқтисоди хурди кушода ба дар як сатҳ сабт кардани асъори худ қодир нест. Дар гузориши навбатии интишоршудаи Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) «Гузориши иқтисодии Тоҷикистон» бо истинод ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон дар ин робита қайд мешавад, ки […]

ASIA-Plus



Коршиносони байнулмилалӣ бар ин назаранд, ки мисоли поинравии бесобиқаи қурби арзи миллии Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки иқтисоди хурди кушода ба дар як сатҳ сабт кардани асъори худ қодир нест.

Дар гузориши навбатии интишоршудаи Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) «Гузориши иқтисодии Тоҷикистон» бо истинод ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон дар ин робита қайд мешавад, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ қурби пули миллии Тоҷикистон нисбат ба доллари ИМА 20% аз рӯи қурби бозор ва 18% аз рӯи қурби расмӣ коҳиш ёфт.

Муаллифони гузориш чунин мешуморанд, ки «сомонӣ нисбати доллар беқурб нашудааст, балки доллари ИМА нисбати сомонӣ ва дигар асъор дар ҷаҳон гарон шуд». Онҳо зикр мекунанд, ки ба туфайли афзоиши нисбатан пурзӯри иқтисоди ИМА, коҳиши барномаи «сабуксозии шуморӣ» ва баргузории муборизахои асъорӣ, арзи миллии амрикоӣ тайи солҳои ахир хеле мустаҳкам шуд.

«Тибқи маълумоти Бонки федералии захиравии ИМА, шурӯъ аз соли 2013 то нимаи соли 2015 асъори асосии ҷаҳон (евро, фунти англисӣ, франки швейтсарӣ ва йена) нисбат ба доллари ИМА ба андозаи 22% беқурб шуданд. Ширкати молиявии Goldman Sachs маълумот дод, ки дар ин давра асъори кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта дар муқоиса бо доллари ИМА ҳудуди 27% аз арзиши худро аз даст додаанд. Аз моҳи январи соли 2013 пули миллии Тоҷикистон нисбат ба доллари ИМА тақрибан 30% беқурб шуд», – таъкид мешавад дар гузориш.

Гуфта мешавад, ҳарчанд нишондиҳандаҳои беқуршавӣ монанд бошанд ҳам, фарқ миёни беқурбшавии сомонӣ нисбат ба дигар асъорҳои бозорҳои рушдёбанда дар ҷараёни он ифода меёбад.

«Ба ҳисоби миёна, беқурбшавӣ дар иқтисодҳои дар ҳоли рушд қарордошта тадриҷан сурат гирифт. Тоҷикистон бошад, баръакс, аввал сомониро сабтшуда нигоҳ дошта, давоми 12 моҳи ахир ба беқурбшавии босуръат дучор шуд», – қайд мекунанд онҳо.

Дар хулоса муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки «намунаи Тоҷикистон бо дигар ҳолатҳои сершумор ҳамсон буда, гувоҳи онанд, ки иқтисоди хурд ба сабти асъори худ дар як сатҳ қодир нест. Дар ниҳояти кор, қурби мубодилаи асъори миллӣ тағийр ёфта, тавозуни навро ба худ касб мекунад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Радабандии ҷаҳонии футзал аз ФИФА: Тоҷикистон се мавқеъ поин рафт

Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.