Таҳқиқи шумори автомашинаҳо дар тӯйи арӯсии бародари овозхон Шаҳроми Абӯбакр

Шоми рӯзи 6 августи тариқи воситаҳои техникии Маркази худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёти  «Шаҳри бехатар» дар маросими баргузории тӯйи арӯсиву домодии сокинони пойтахт 21 адад автомашинаҳои гаронбаҳои хориҷӣ сабт шудааст. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, ин миқдор автомашинаҳо зимни ҳаракат аз хиёбони Исмоили Сомонӣ ба самти хиёбони Сино сабт шуда, онҳо дар маросими […]

ASIA-Plus



Шоми рӯзи 6 августи тариқи воситаҳои техникии Маркази худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёти  «Шаҳри бехатар» дар маросими баргузории тӯйи арӯсиву домодии сокинони пойтахт 21 адад автомашинаҳои гаронбаҳои хориҷӣ сабт шудааст.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, ин миқдор автомашинаҳо зимни ҳаракат аз хиёбони Исмоили Сомонӣ ба самти хиёбони Сино сабт шуда, онҳо дар маросими тӯйи шаҳрванд Азизов Баҳром Абубакрович, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯчаи Рӯдакӣ – бародари ҳофизи эстрадаи тоҷик Шаҳроми Абӯбакр истифода шудаанд.

Дар идома ВКД Тоҷикистон рақамҳои давлатии ҳамаи автомашинаҳои ин маросимро дарҷ намудааст. Миёни автомашинаҳо тамғаҳои «Гелендваген», «Тойота-Лендкрузер», «Мерседес ML», «Порше» ва ғайра ба мушоҳида мерасанд.

ВКД Тоҷикистон хотиррасон мекунад, ки мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар қатораҳои автомашинаҳои маросими тӯй ба истифодаи на бештар аз 4 адад автомашина иҷозат дода шудааст.

Гуфта мешавад, то имрӯз ному насаби 6 ронандаи автомашинаҳои ин маросим муайян карда шуда, нисбати онҳо оид ба қонуншикании маъмурӣ парвандаҳо боз шудаанд ва барои муайян кардани моликони 15 автомашинаи боқимонда – иштирокчиёни қатораи автомашинаҳои маросими тӯйи мазкур тадбирҳо андешида мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати домод  Баҳром Азизовуи 26-сола низ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда оғоз гардидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.