Шиносоии навбатии нахуствазир бо иншооти ҷашнии Ҳисор



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 13 август ба ноҳияи Ҳисор ташриф оварда, бо ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ бахшида ба 3000-солагии ноҳия шинос шуд.

Бино ба маълумоти котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ, Расулзода ба раҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва ҳукумати ноҳия дастур дод, ки ба сифати иҷрои корҳо дар иншооти ҷашнӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, истифодаи мақсадноки воситаҳои буҷетиро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.

Қобили зикр аст, ки қариб ҳамаи иншооте, ки ба муносибати таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор сохта мешаванд, барои ба истифода додан омода шудаанд.

Дар ҷараёни сафар ба ноҳияи Ҳисор Қоҳир Расулзода аз корхонаи навбунёди хиштбарорӣ боздид намуда, бо фаъолияти он аз наздик ошно гардид. Дар ҷамоати деҳоти Шарора бо иштироки нахуствазир ба сохтмони мактаби нави таҳсилоти умумӣ ҳусни оғоз бахшида шуд, ки аз ҳисоби маблағгузории молики корхонаи хиштбарории дар боло зикршуда бунёд карда мешавад.

Ба муносибати 3000-солагии Ҳисор, ки дар моҳи октябри соли равон ҷашн гирифта мешавад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беш аз 400 иншооти нави таъиноти гуногун дар ноҳия дар назар аст, ки аз ҳисоби воситаҳои ҳукумат ва соҳибкорони маҳаллӣ сохта мешаванд. 

spot_imgspot_img

Популярное