Боздиди сафирони Ҳиндустону Туркия аз ВКХ Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 13 август сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Аситх Кумар Бҳаттачарҷиро бино бар ба поён расидани маъмурияти дипломатияш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҷонибҳо аз рушди бемайлони муносибатҳои шарикии Тоҷикистон ва Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ намуда, бар зарурати иҷрои амалии натиҷаҳои музокироти сатҳи олии […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 13 август сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Аситх Кумар Бҳаттачарҷиро бино бар ба поён расидани маъмурияти дипломатияш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҷонибҳо аз рушди бемайлони муносибатҳои шарикии Тоҷикистон ва Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ намуда, бар зарурати иҷрои амалии натиҷаҳои музокироти сатҳи олии ду кишвар, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор шуданд, таъкид карданд.

С.Аслов аз сафири Ҳиндустон барои ҳамкории пурсамар сипосгузорӣ кард  ва изҳори боварӣ намуд, ки Аситх Кумар Бҳаттачарҷӣ дар оянда низ дар таҳкиму густариши робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон саҳми назаррас  хоҳад гузошт.

Гуфта мешавад, ҳамин рӯз Сироҷиддин Аслов сафири Туркия дар Тоҷикистон Меҳмет Мунис Дирикро низ бино бар ба поён расидани маъмурияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия дар заминаҳои мухталиф ва инчунин масоили мубрами минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафири Туркия барои саҳмгузорӣ дар таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар изҳори сипос намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.