Шабонарӯзи сипаришуда кормандони мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ беш аз 9 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ марди 30-солаи сокини ноҳияи Шӯроободро бо гумони даст доштанаш ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир намуданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 7 килою 644 грамм маводи нашъадори сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира карда шуд.
Гуфта мешавад, дар ин рӯз ҳамчунин зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ду нафар мард, сокинони 46 ва 51-солаи ноҳияи мазкур бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карда шуданд, ки аз гумонбаршудагон 216 грамм маводи нашъадори героин дарёфт ва мусодира гардидааст.
Ҳамин тариқ, зимни як чорабинии дигари оперативӣ, дар вақти кофтукови шахсии марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе кормандони оперативӣ 1 килою 398 грамм маводи нашъадори афюн дарёфт ва мусодира намудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар маҷмӯъ маводи нашъадори мусодирагардида дар ин рӯз, 9 килою 258 граммро ташкил дода, нисбати далелҳои зикргардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудаааст ва тафтишот дар ин самт идома дорад.



