Мусодираи беш аз 9 кило маводи мухаддир давоми як шабонарӯз

Шабонарӯзи сипаришуда кормандони мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ беш аз 9 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ марди 30-солаи сокини ноҳияи Шӯроободро бо гумони даст доштанаш ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир намуданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 7 килою 644 […]

ASIA-Plus



Шабонарӯзи сипаришуда кормандони мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ беш аз 9 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ марди 30-солаи сокини ноҳияи Шӯроободро бо гумони даст доштанаш ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир намуданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 7 килою 644 грамм маводи нашъадори сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира карда шуд.

Гуфта мешавад, дар ин рӯз ҳамчунин зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ду нафар мард, сокинони 46 ва 51-солаи ноҳияи мазкур бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карда шуданд, ки аз гумонбаршудагон 216 грамм маводи нашъадори героин дарёфт ва мусодира гардидааст.

Ҳамин тариқ, зимни як чорабинии дигари оперативӣ, дар вақти кофтукови шахсии марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе кормандони оперативӣ 1 килою 398 грамм маводи нашъадори афюн дарёфт ва мусодира намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар маҷмӯъ маводи нашъадори мусодирагардида дар ин рӯз, 9 килою 258 граммро ташкил дода, нисбати далелҳои зикргардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудаааст ва тафтишот дар ин самт идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.