Санҷиши сатҳи омодагии ҳарбии раисони шаҳру навоҳии Суғд



Раисони ҳамаи 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд имрӯз дар қаламрави яке аз қисмҳои низомии гарнизони маҳаллӣ аз сатҳи омодагӣ ва огаҳӣ аз кори ҳарбӣ санҷиш месупоранд.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки раисони шаҳру навоҳии вилоят қаблан оид ба ташкили худмудофиаи маҳаллӣ, сафарбарии сарбозону афсарони дар эҳтиёт қарордоштаи артиши миллӣ ва истифодаи аслиҳаи оташфишон дар давраҳои омӯзишӣ таълим гирифтаанд.

«Раисони шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ имрӯз оид ба омодагӣ, малакаҳо ва донистани кори ҳарбӣ ба афсарони Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар санҷиш месупоранд», – қайд кард манбаъ.

spot_imgspot_img

Популярное