Қотилони хушдоман ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум шуданд



Суди вилояти Хатлон ду сокини ноҳияи Қубодиёнро ба иттиҳоми қатли хушдоманашон ба муҳлатҳои зиёди маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Мурофиаи судӣ аз рӯи ин парванда имрӯз, 25 август ба итмом расид. Занон дар куштори бераҳмонаи модари ҳамсарони худ гунаҳкор дониста шуданд.

Суд Ойгул Пардаеваи 25-соларо дар одамкушӣ (моддаи 104, қ. 2, бандҳои «в», «е», «з») гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 22 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

Ҳамчунин суд содир шудани чунин ҷиноят аз ҷониби Сафаргул Хоҷаеваро низ собит намуда, ӯро ба муҳлати 21 сол аз озодӣ маҳрум кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аз рӯи ҳамин парванда Диловар Азимов, ҳамсари Ойгул Пардаева ба иттиҳоми серзанагӣ (моддаи 170 КҶ ҶТ) ба 2 соли корҳои ислоҳӣ муҷозот гардид.

Ёдрас мекунем, ки сокинони ҷамоати Тахти Сангин – Ойгул Пардаева ва Сафаргул Хоҷаева моҳи декабри соли гузашта тибқи маслиҳати пешакӣ хушдомани худ – Норгул Азимоваро лату кӯб намуда, сипас ӯро оташ мезананд ва баъдан боқимондаҳои ҷасадашро ба дарё мепартоянд.

Моҳи январи соли 2015 писарони Н.Азимова ба мақомоти милиса дар бораи бедарак шудани модарашон муроҷиат мекунанд. Дар ҷараёни корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи маълум мешавад, ки модари онҳо бедарак нашуда, балки бо бераҳмии махсусе кушта шудааст.

Мақомоти тафтишот ҷасади Норгул Азимоваро дарёфт накарда, кормандони милисаи Қубодиён рӯзи 10 май дар мавриди ин масъала келинҳои хонадонро ба сифати гумонбаршудагон бозпурсӣ карданд ва рӯзи 12 май онҳо ба содир кардани ин ҷиноят иқрор шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное