Қотилони хушдоман ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум шуданд

Суди вилояти Хатлон ду сокини ноҳияи Қубодиёнро ба иттиҳоми қатли хушдоманашон ба муҳлатҳои зиёди маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Мурофиаи судӣ аз рӯи ин парванда имрӯз, 25 август ба итмом расид. Занон дар куштори бераҳмонаи модари ҳамсарони худ гунаҳкор дониста шуданд. Суд Ойгул Пардаеваи 25-соларо дар одамкушӣ (моддаи 104, қ. 2, бандҳои «в», «е», «з») […]

Акмал Маннонов



Суди вилояти Хатлон ду сокини ноҳияи Қубодиёнро ба иттиҳоми қатли хушдоманашон ба муҳлатҳои зиёди маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Мурофиаи судӣ аз рӯи ин парванда имрӯз, 25 август ба итмом расид. Занон дар куштори бераҳмонаи модари ҳамсарони худ гунаҳкор дониста шуданд.

Суд Ойгул Пардаеваи 25-соларо дар одамкушӣ (моддаи 104, қ. 2, бандҳои «в», «е», «з») гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 22 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

Ҳамчунин суд содир шудани чунин ҷиноят аз ҷониби Сафаргул Хоҷаеваро низ собит намуда, ӯро ба муҳлати 21 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Аз рӯи ҳамин парванда Диловар Азимов, ҳамсари Ойгул Пардаева ба иттиҳоми серзанагӣ (моддаи 170 КҶ ҶТ) ба 2 соли корҳои ислоҳӣ муҷозот гардид.

Ёдрас мекунем, ки сокинони ҷамоати Тахти Сангин – Ойгул Пардаева ва Сафаргул Хоҷаева моҳи декабри соли гузашта тибқи маслиҳати пешакӣ хушдомани худ – Норгул Азимоваро лату кӯб намуда, сипас ӯро оташ мезананд ва баъдан боқимондаҳои ҷасадашро ба дарё мепартоянд.

Моҳи январи соли 2015 писарони Н.Азимова ба мақомоти милиса дар бораи бедарак шудани модарашон муроҷиат мекунанд. Дар ҷараёни корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи маълум мешавад, ки модари онҳо бедарак нашуда, балки бо бераҳмии махсусе кушта шудааст.

Мақомоти тафтишот ҷасади Норгул Азимоваро дарёфт накарда, кормандони милисаи Қубодиён рӯзи 10 май дар мавриди ин масъала келинҳои хонадонро ба сифати гумонбаршудагон бозпурсӣ карданд ва рӯзи 12 май онҳо ба содир кардани ин ҷиноят иқрор шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.