Мизи мудаввари Оксфам ба хотири дастгирии ҳуқуқҳои иқтисодии занон



Дар ҳамкорӣ бо Лигаи занҳои ҳуқуқшинос, ки созмони миллии ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, Оксфам мизи мудавварро барои муҳокимаи ҷанбаҳои гендерии дастрасӣ ба захираҳои иқтисодӣ, ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодии занон ташкил кард.

Лоиҳаи Оксфам оид ба Гендер соҳибкорӣ ва бозор ба баланд бардоштани зарфият ва пешвоии занон баҳри таъмини беҳтари шароити зиндагонии деҳот нигаронида шудааст ва шариконро аз бахшҳои давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ фаъолона ҷалб менамояд. Oксфам дар Тоҷикистон дар самти дастгирии рушди деҳот тавассути тақвият бахшидани иқтидори маҳаллӣ ва миллӣ кору фаъолият мекунад.

“Чорабинии мазкур намояндагони мақомоти давлатӣ, сиёсатмадорон, бахши хусусӣ, аҳли улум ва худи занони деҳотро гирди ҳам овард ва мо умедворем, ки якҷоя ба тавсеа бахшидани имконоти иқтисодии занон дар Тоҷикистон саҳм хоҳем гузошт, ” – гуфт Боян Колундзия, Директори ташкилоти Оксфам дар Тоҷикистон. 

Бори нахуст аст, ки барои дастгирии муҳокимаҳои мазкур «Ҳуқуқшиносон ба муқобили фақр» ба Тоҷикистон дар доираи барномаи Оксфам ташриф оварданд.  Барномаи мазкур ҳуқуқшиносони ширкатҳои бонуфузтарини ҷаҳонро ҷиҳати баррасии масъалаҳои глобалии ҳуқуқҳои занон, нобаробарӣ, рушд ва адолат дар созишномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла муҳити атроф ва савдо ба ҳам меорад.

Ҳайати вакилон таҳти сарварии Мушовири Генералии ҳуқуқшиноси Оксфам Ҷосс Сондерс қарор дошта, ҳадафи таҳқиқи имконоти робитаҳои дуҷонибаи (робитаҳои ҳуқуқии институтсионалӣ ва баробар) ва дастгирии барномаҳои рушди имконоти ҳуқуқӣ дар деҳоти Тоҷикистонро доранд. 

“Мо аз чунин боздиди нахустин аз Осиёи Марказӣ хеле хушнудем ва умедворем муҳокимаҳои худро бо донишгоҳҳо, ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба васеънамоии имконоти ҳуқуқии занони деҳот дар ин кишвари ҷолибу нодир ҳамчун замина мавриди истифода қарор медиҳем,” – гуфт Ҷосс Сондерс дар Душанбе. – Дар миқёси ҷаҳонӣ бошад, Барномаи мо ба рушди ҷомеаи устувори ҳуқуқшиносон ва рушди муносибатҳои институтсионалӣ байни донишгоҳҳо чӣ дар сатҳи хусусӣ ва чӣ дар сатҳи тахассусӣ нигаронида шудааст, ки эшон дар самти мубориза бар зидди беадолатии фақр кӯмакрасони якдигар мебошанд. ”

spot_imgspot_img

Популярное