Мизи мудаввари Оксфам ба хотири дастгирии ҳуқуқҳои иқтисодии занон

Дар ҳамкорӣ бо Лигаи занҳои ҳуқуқшинос, ки созмони миллии ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, Оксфам мизи мудавварро барои муҳокимаи ҷанбаҳои гендерии дастрасӣ ба захираҳои иқтисодӣ, ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодии занон ташкил кард. Лоиҳаи Оксфам оид ба Гендер соҳибкорӣ ва бозор ба баланд бардоштани зарфият ва пешвоии занон баҳри таъмини беҳтари шароити зиндагонии деҳот нигаронида шудааст ва шариконро аз […]

Иттилоияи расмӣ



Дар ҳамкорӣ бо Лигаи занҳои ҳуқуқшинос, ки созмони миллии ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, Оксфам мизи мудавварро барои муҳокимаи ҷанбаҳои гендерии дастрасӣ ба захираҳои иқтисодӣ, ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодии занон ташкил кард.

Лоиҳаи Оксфам оид ба Гендер соҳибкорӣ ва бозор ба баланд бардоштани зарфият ва пешвоии занон баҳри таъмини беҳтари шароити зиндагонии деҳот нигаронида шудааст ва шариконро аз бахшҳои давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ фаъолона ҷалб менамояд. Oксфам дар Тоҷикистон дар самти дастгирии рушди деҳот тавассути тақвият бахшидани иқтидори маҳаллӣ ва миллӣ кору фаъолият мекунад.

“Чорабинии мазкур намояндагони мақомоти давлатӣ, сиёсатмадорон, бахши хусусӣ, аҳли улум ва худи занони деҳотро гирди ҳам овард ва мо умедворем, ки якҷоя ба тавсеа бахшидани имконоти иқтисодии занон дар Тоҷикистон саҳм хоҳем гузошт, ” – гуфт Боян Колундзия, Директори ташкилоти Оксфам дар Тоҷикистон. 

Бори нахуст аст, ки барои дастгирии муҳокимаҳои мазкур «Ҳуқуқшиносон ба муқобили фақр» ба Тоҷикистон дар доираи барномаи Оксфам ташриф оварданд.  Барномаи мазкур ҳуқуқшиносони ширкатҳои бонуфузтарини ҷаҳонро ҷиҳати баррасии масъалаҳои глобалии ҳуқуқҳои занон, нобаробарӣ, рушд ва адолат дар созишномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла муҳити атроф ва савдо ба ҳам меорад.

Ҳайати вакилон таҳти сарварии Мушовири Генералии ҳуқуқшиноси Оксфам Ҷосс Сондерс қарор дошта, ҳадафи таҳқиқи имконоти робитаҳои дуҷонибаи (робитаҳои ҳуқуқии институтсионалӣ ва баробар) ва дастгирии барномаҳои рушди имконоти ҳуқуқӣ дар деҳоти Тоҷикистонро доранд. 

“Мо аз чунин боздиди нахустин аз Осиёи Марказӣ хеле хушнудем ва умедворем муҳокимаҳои худро бо донишгоҳҳо, ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба васеънамоии имконоти ҳуқуқии занони деҳот дар ин кишвари ҷолибу нодир ҳамчун замина мавриди истифода қарор медиҳем,” – гуфт Ҷосс Сондерс дар Душанбе. – Дар миқёси ҷаҳонӣ бошад, Барномаи мо ба рушди ҷомеаи устувори ҳуқуқшиносон ва рушди муносибатҳои институтсионалӣ байни донишгоҳҳо чӣ дар сатҳи хусусӣ ва чӣ дар сатҳи тахассусӣ нигаронида шудааст, ки эшон дар самти мубориза бар зидди беадолатии фақр кӯмакрасони якдигар мебошанд. ”

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.