Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармондеҳи Фармондеҳии марказии ИМА генерал Ллойд Ҷ.Остин III-ро ба ҳузур мепазирад;

– Дар Тоҷикистон тамринҳои тактикии махсуси воҳидҳои таъиноти махсуси мақомот ва хадамоти зиддимухаддиротӣ, қушӯнҳои дохилӣ мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти кишварҳои узви СААД «Гром-2015» оғоз мегарданд;

– Дар Маркази илму фарҳанги Русия барои ҳамватанони русиягӣ таҳти унвони «Омодагии довталабон аз Тоҷикистон барои дохилшавӣ ба мактабҳои олии Русия» семинари таълимотӣ баргузор мешавад.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

6.3147

сомонӣ;


1

евро –

7.1861

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.


0980



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1955

– Китоби нахустини рекордҳои Гиннес дар 198 саҳифа ба нашр расид.


2010 —

Дар Маскав собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, собиқ директори генералии корхонаи кимиёи Исфара Низомхон Ҷӯраев боздошт шуд, ки аз соли 2007 мавриди пайгарди қонунӣ қарор дошт.


2013

— Дар боми маркази савдои «Пойтахт» дар Душанбе бахшида ба гузашти 100 рӯз аз замони боздошти соҳибкори маъруф Зайд Саидов флеш-моб доир гардид.


2013

— Дар Душанбе бо иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дуюмини автодроми инноватсионии автоматишуда боз гардид.

2014 — Дар Бишкек ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон оид ба баррасии маҷмӯи масоили дуҷониба доир гардид.


1906-1975

– Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Иброҳимҷон Норматов.


1935

– Мавлуди актёри кино Марат Орифов.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +26+31.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +15+20.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +10+15, рӯзона +22+27; дар шарқ шабона +1+6, рӯзона +13+18.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +20+25. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +32+34.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +34+36.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +29+31.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +22+24.

spot_imgspot_img

Популярное