Бо фармонҳои худ имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 5 нафар намояндагони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рутбаи навбатии генерал-майор дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба поковники адлия Сафаралӣ Мирзозода– муовини Прокурори генералӣ-Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи дараҷавии навбатии «Генерал-майори адлия» дода шуд.
Ҳамчунин полковники милитсия Бароталӣ Ҳамидзода – сардори Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии ҶТ бо рутбаи махсуси навбатии «Генерал-майори милитсия», полковники милитсия Хуршед Муҳаммадзода – сардори Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии ҶТ бо рутбаи махсуси навбатии «Генерал-майори милитсия» ва полковники хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода – сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии ҶТ бо рутбаи махсуси навбатии «Генерал-майори хизмати дохилӣ» сарфароз гаштанд.
Гуфта мешавад, ба полковник Амирбек Бегназаров -сардори Раёсати мубориза бар зидди терроризми Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ рутбаи ҳарбии «Генерал-майор» дода шуд.



