Шукурҷон Зуҳуров ба Ню-Йорк рахсипор мешавад

Ҳайати парлумонии ҷумҳурӣ таҳти сарварии раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров шоми имрӯз ба шаҳри Ню-Йорк раҳсипор мешавад. Дар ин ҷо намояндагони парлумони Тоҷикистон дар кори Конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парлумонҳо ширкат меварзанд, ки то 5 сентябр идома меёбад. Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, […]

Аваз Юлдошев



Ҳайати парлумонии ҷумҳурӣ таҳти сарварии раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров шоми имрӯз ба шаҳри Ню-Йорк раҳсипор мешавад. Дар ин ҷо намояндагони парлумони Тоҷикистон дар кори Конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парлумонҳо ширкат меварзанд, ки то 5 сентябр идома меёбад.

Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ҳайат раисони Кумтаҳои паатаи поёнии парлумон Олимҷон Салимзода, Абдураҳим Холиқзода ва вакил Дилшод Исматуллоев шомил шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, конфронси зикршуда дар қароргоҳи СММ таҳти раёсати президенти Иттифоқи ҷаҳонии байнипарлумонӣ Собир Чаудлхари доир мегардад.

Зимнан зикр гардид, ки раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 1 сентябр дар конфронс дар мавзӯи «Барқарории демократия ба сулҳу рушд мусоидат мекунад» маърӯза хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.