БМТ дар бораи устувор шудани қурби сомонӣ маълумот медиҳад

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бори навбатӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ итминон медиҳад, ки вазъ дар бозори асъор «таҳти назорати қатъӣ қарор дорад» ва дар ин робита изҳор менамояд, ки аз ахбору гузоришҳои бе таҳлил ва ҳангомасоз, ки вақтҳои охир дар расонаҳои даврӣ нашр мешаванд, ба таҳлуқа дода нашаванд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ду […]

ASIA-Plus



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бори навбатӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ итминон медиҳад, ки вазъ дар бозори асъор «таҳти назорати қатъӣ қарор дорад» ва дар ин робита изҳор менамояд, ки аз ахбору гузоришҳои бе таҳлил ва ҳангомасоз, ки вақтҳои охир дар расонаҳои даврӣ нашр мешаванд, ба таҳлуқа дода нашаванд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ду ҳафтаи охир пасту баландшавии нарху наво дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба назар расида, Бонки мардумии Хитой дар пасманзари сустшавии рушди иқтисоди ин кишвар қурби юанро нисбат ба долл. ИМА зиёда аз 3% паст кард, ки ин дар навбати худ дар иқтисоди ҷаҳонӣ вокуниши занҷириро ба миён оварда, ба афтидани нархҳо қариб дар тамоми бозорҳои фондии ҷаҳонӣ мусоидат намуд.

Дар

маълумоти БМТ

таъкид мешавад, ки Ҷумҳурии халқии Хитой аз рӯи бузургии иқтисод дар ҷаҳон ҷойи дуюмро ишғол менамояд ва дар натиҷаи сустшавии рушди иқтисоди ин кишвар ва нишонаҳои юани заифшаванда ба нархи молҳо, аз ҷумла ба нархи нафт таъсир расонида, баъд аз ин, девалватсияи асъорҳои як қатор мамлакатҳои содиркунандаи нафт, бахусус Русия, Қазоқистон ва ғайра, ки бо Хитой ҳамкории зич доранд, оғоз ёфт.

Аз «душанбеи сиёҳ» (24 август) низ хотиррасон шуда, зикр мегардад, ки тайи ду ҳафтаи ахир (аз 10 то 24 августи соли 2015) беқурбшавии рубли русӣ 12%, тенгеи қазоқӣ 33%, лираи туркӣ 5%, юани чинӣ 3%, рубли белорусӣ 7%-ро ташкил намуд.

«Бо вуҷуди ҳамкориҳои зичи як қатор кишварҳои номбаршуда бо Тоҷикистон, беқурбшавии қурби бозории сомонӣ дар ин давра ба василаи андешидани чораҳои саривақтӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, аз қабили истифодаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ на зиёдтар аз 2,1%-ро ташкил дод», – қайд мекунанд дар БМТ.

Гуфта мешавад, давоми рӯзҳои 25 ва 26 август бозорҳои ҷаҳонии фондӣ ва асъорӣ динамикаи мусбӣ нишон дода, аввалин нишонаҳои беҳбудӣ ба андозаи бештар аз 3% баланд шудани индексҳои фондҳои амрикоию аврупоӣ оварда расонид, бозори Русия баъд аз тақвияти рубл ва баланд шудани нархи нефти навъи Brent каме ҷон гирифт.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин замина, баъди каме қомат рост кардани қурби асъорҳои хориҷии мамлакатҳои шарики тиҷоратии Тоҷикистон устуворшавии қурби бозории пули миллӣ-сомонӣ (+0,7%) низ мушоҳида мешавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.