Муовини ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба робита бо давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Дэниэл Розенблум бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овард. Дар ин бора департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад.
Дар ҷараёни сафар ӯ бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон оид ба баррасии як қатор маҷмӯи масоили дуҷониба ва байнулмилалӣ дидору гуфтушунид карда, ҳамчунин бо намояндагони созмону ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ вохӯриҳо доир карданист.
Даниэл Розенблум муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар Департаменти давлатӣ мебошад. Даниэл Розенблум дар Бюрои Департаменти давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ фаъолият намуда, маъсули сиёсати ИМА ва муносибатҳои дипломатӣ бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз қабили Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мебошад.
Қобили зикр аст, ки қаблан моҳи феврали соли ҷорӣ низ Дэниэл Розенблум аз Тоҷикистон боздид намуда буд.



