Пас аз як рӯзи баста шудан ҳамаи бозорҳои бузурги шаҳри Душанбе имрӯз, 7 сентябр ба фаъолият пардохтанд.
Сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти шаҳрдории Душанбе Сайфулло Амонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 6 сентябр ҳамаи бозорҳои бузурги пойтахт, аз қабили «Шоҳмаснур», «Саховат», «Деҳқон», «Корвон», «Султони Кабир», «Ганҷина» ва Панҷшер» барои баргузории корҳои санитарӣ баста шуда, дигар бозорҳои исбатан хурд ба таври муқаррарӣ фаъолият доштанд.
Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки дар робита ба амалҳои террористии ахиран дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат содиршуда, бо тавсияи сохторҳои қудратии кишвар дар ҳамаи бозорҳои пойтахт тадбирҳои амниятӣ пурзӯр карда шудаанд.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар шаҳри Душанбе 28 бозор фаъолият дорад, ки 5-тои он коммуналӣ мебошад.



