Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон хиёнати собиқ муовини вазири мудофиаро маҳкум мекунад

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон рафтори хиёнаткорона ва ноҷавонмардонаи хоини миллат ва носипоси он, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Назарзода Абудҳалим (Хоҷӣ Ҳалим)- ро сахт маҳкум менамояд. Дар изҳороти рӯзи душабе дар ВАО интишоршудаи Иттифоқ ҳамагон ба бетараф набудан нисбат ба арзишҳои миллӣ, Истиқлолият ва ваҳдату амнияти пойдор, тақдири имрӯзу фардои ин хоку обу нон ва осоиштагии […]

ASIA-Plus



Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон рафтори хиёнаткорона ва ноҷавонмардонаи хоини миллат ва носипоси он, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Назарзода Абудҳалим (Хоҷӣ Ҳалим)- ро сахт маҳкум менамояд.

Дар

изҳороти

рӯзи душабе дар ВАО интишоршудаи Иттифоқ ҳамагон ба бетараф набудан нисбат ба арзишҳои миллӣ, Истиқлолият ва ваҳдату амнияти пойдор, тақдири имрӯзу фардои ин хоку обу нон ва осоиштагии хонадону домани поки хоҳарону модарон   даъват карда мешаванд.

«Дар ин замина Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки тақдири имрӯзу ояндаи миллат барояш бегона нест, миллионҳо ҷавонони матиниродаву содиқро дар зери як шиор: «Зинда бош, эй Ватан, Точикистони озоди ман» пайваста муттахид сохта, бо шунидани хабари хиёнаткорона ва разили Абдуҳалим Назарзода ва ба ҳалокат расидани гурдони далеру ҷасур, ки дар роҳи таъмини амнияти ормонҳои миллӣ фидо гаштанд, тамоми ҷавонон ба муттаҳид шудан ва бетарафу тамошобин набудан даъват менамояд», – қайд мешавад дар изҳорот.

Гуфта мешавад, Ватан фарзандони қаҳрамон ва шаҳидони озодипарасти хешро ҳаргиз фаромӯш намекунад. Номи онҳо ҳамеша зиннатбахши дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи халқамон мебошад. Ҳамзамон, Ватан хоинон, буздилон ва ноҷавонмардони  хешро низ ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Онҳо дар саҳифаҳои сиёҳи таърихи миллат ҳамчун доғи нопок бо мазаммат, бо ҳазорон лаъну нафрин ном бурда мешаванд, ки наслҳои ояндаи Ватан аз ин нопокӣ ҳазар бикунанд.

«Мо ҷавонони даврони Истиқлолият бо арзи эҳтиром ва ифтихор аз итиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон изҳор медорем, ки Пешвои миллатамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дӯст медорем ва дар атрофи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ҳамчун занҷири пулодӣ ба ҳам пайваст буда, ҳатто то охирин лаҳзаҳои ҳастӣ, ҳимоятгари сохти конститутсионӣ ва ормонҳои миллӣ боқӣ мемонем», – таъкид мешавад дар хотимаи изҳороти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.