Ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори солгарди Рӯзи Истиқлолият дар Суғд

Рӯзи 5 сентябр бахшида  ба  24-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд ва ба як қатор пешқадамони соҳаҳои гуногун мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳо супорида шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар маҷлис Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон […]

ASIA-Plus



Рӯзи 5 сентябр бахшида  ба  24-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд ва ба як қатор пешқадамони соҳаҳои гуногун мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳо супорида шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар маҷлис Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳо, фаъолон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аҳли адаб, собиқадорон ва занону ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.

Ҷамъомади тантанавиро Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ифтитоҳ намуда, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронии худ мардуми вилояти Суғдро аз номи Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба иди Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, ба мардуми вилояти Суғд сарбаландиву саодати рӯзгорро таманно намуд.

Чуноне гуфта шуд, имрӯзҳо пиру барнои кишвар Рӯзи истиқлолияти давлатиро бо ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ аз барқароршавии адолати таърихӣ бо як ҷаҳон ифтихору саодат ва бо рӯҳияи баланди идона истиқбол мегиранд. Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарин, азизтарин неъмат, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободиву саодатмандӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва нерӯи таконбахши ҳаёт мебошад.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ низ дар навбати худ кулли сокинони вилоятро бахшида ба иди Истиқлолият табрик гуфта, барои сокинон хушиҳои рӯзгорро орзу намуд.

Дар фароварди ҷамъомад ба як қатор хизматчиёни давлатӣ ва пешқадамони соҳаҳои гуногун мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳо супорида шуд. Аз ҷумла 12 нафар бо медали Хизмати шоиста, 1 нафар бо медали Шафқат ва 4 нафар бо Ифтихорномаи Ҳукумати ҷумҳурӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.