Боздошти боз 14 аъзои гурӯҳи мусаллаҳи Ҳоҷӣ Ҳалим



Имрӯз, 7 сентябр дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои махсус дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат аз ҷониби кормандони ВКД, КДАМ, дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва Прокуратураи генералӣ боз 14 нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим) дастгир гардиданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса миқдори зиёди яроқу аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ аз он ҷумла, 6 адад автомати Калашников, 2 адад ПК, 1 адад СВД, 1 адад РПГ-7В ва миқдори зиёди тирҳои гуногун, тирдон ва норинҷакҳо дарёфт ва мусодира карда шуд.

«Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ барои ҳамкории фаъолона ва расонидани кӯмак барои дастгир намудан ва несту нобуд гардонидани гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода А.М. миннатдории худро изҳор менамоянд», – омадааст дар хабари интишоршуда дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ.

Зимнан ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат карда мешавад, ки тинҷию оромии ҷомеаи Точикистон аз ҳамкории дуҷониба вобастагии калон дорад ва касоне, ки яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангиро муайян намуда, ихтиёран ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ месупоранд ё хабар медиҳанд аз ҷавобгарӣ озод буда, барои дастгир намудани аъзоёни гурӯҳи ҷинояткор мусоидат менамоянд, мукофотонида мешаванд.

Гуфта мешавад, амалиётҳои якҷояи сохторҳои қудратии кишвар дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат оиди безарар гардонидани аъзоёни гурӯҳи террористии Назарзода А.М. идома дорад.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки рӯзи 6 сентябр дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои махсус аз ҷониби кормандони ВКД дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ

4 нафар аъзоёни гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷи Ҳалим)

дар рафти муқовимати мусаллаҳона безарар гардонида шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное