WP: Тоҷикистон кишвари ноозодест, ки аз дастгирии ИМА бархурдор аст

ASIA-Plus



Нашрияи ҳамарӯзаи амрикоии Washington Post сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро президенте


номид


, ки аз ҳуқуқҳои инсон суистеъмол мекунад ва аз дастгирии ИМА бархурдор аст. Др ин қатор сарони кишварҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Баҳрайн ва Гвинея низ ҷойгир шудаанд.

Ҳамин тавр, дар бораи президенти Тоҷикистон дар нашрия зикр мегардад, ки замони ҳукмронии ӯ ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи инсон афзудаанд. Бино ба маълумоти Washington Post, замони сари мансаб будани Эмомалӣ Раҳмон ҳуқуқҳои ҳарифони сиёсӣ ва васоити ахбори умуми мустақил поймол мешаванд.

Бо такя ба маълумоти созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch нашрия менависад, нисбати боздоштшудагон барои ба даст овардани эътирофи гуноҳ аз шиканҷа кор гирифта мешавад. Ҳамчунин дар Тоҷикистон озодиҳои инсон ва ҳуқуқҳои аққалиятҳои ҷинсӣ низ риоя намешаванд.

Freеdom House Тоҷикистонро кишвари ноозод хонда, изҳор медорад, ки манъи фаъолияти мухолифон кишварро метавонад ба диктатура оварда расонад.

Қобили зикр аст, ки аз соли 1992 то соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон буда, аз соли 1994 то имрӯз президенти Тоҷикистон мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.