Машғулиятҳои ИА барои ҳавасмандсозии занони соҳибкор

Иттилоияи расмӣ



Иттифоқи занҳои соҳибкори Латвия дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон (ИМЗСТ) омӯзишҳоро дар мавзўи «Ҳавасмандгардонӣ» барои занҳо аз маҳалҳои деҳот ташкил намуд. Мақсади ин тренингҳо аз ҳавасмандгардонии занҳо барои оғоз намудани бизнеси худ ва рушди хизматрасониҳои нави ИМЗСТ барои занҳои соҳибкор иборат буд.

Дар Истаравшан ва Ғончӣ ду тренинг баргузор шуд, ки дар он зиёда аз 40 занону духтарон иштирок намуданд. Муаллима Жанна Кулакова иштирокчиёнро ба шурӯъ кардани бизнеси худ хонда, бонувонро ба ҳамкорӣ байни якдигар ва таъсиси шабакаҳои соҳибкорӣ даъват намуд. Мутахассисони ташкилоти амонатии қарзии хурд «ИМОН Интернешнл» таҷрибаи худро ҷиҳати идомаи фаъолияти тренингӣ ба ҳайси ташкилкунандагони хизматрасониҳои ояндаи ИМЗСТ таҳти унвони «Клуби занони муваффақ» зиёд карданд.

Аввалин «Клуби занони муваффақ» бо иштироки 25 аъзоёни ИМЗСТ, аз ҷумла муассисони парваришгоҳҳои соҳибкорӣ (бизнес инкубатор), устодон ва қосидони соҳибкорӣ дар ш. Хуҷанд доир гардид. Хонум Жанна Кулакова ба ҳайси барандаи ин клуб буда, дарси такмили маҳорати (мастер класс) ҳавасмандгардонӣ гузаронд. Омӯзишҳои ояндаи ИМЗСТ дар асоси мунтазам ҷалб намудани соҳибкорони корозмуда ва машҳур ташкил мешаванд. Ин боиси ҳавасмандгардонии бонувон, фаъол шудан онҳо дар арсаи иқтисодӣ ва ривоҷи ҳамкорӣ байни бонувон дар ҷодаи соҳибкорӣ хоҳад гашт.

Тренингҳо қисми лоиҳаи «Васеъгардонии ҳуқуқу имкониятҳои иқтисодии занҳои Тоҷикистон (TWEET)” мебошад, ки он аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар доираи “Барномаи сармоягузории Осиёи Марказӣ” маблағгузорӣ мегардад. Лоиҳа ба беҳтар гардонидани фазои бизнес баҳри ташкил ва амалӣ намудани соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон, ки аз тарафи занҳо роҳбарӣ карда мешаванд, равона карда шудааст. Буҷаи умумии лоиҳа 428 ҳазор евро буда, аз он 364,225 евро аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо пешниҳод мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.