Раҳимзода: Аз дасти ҷинояткорон 2 ҳазор нафар кормандони милиса ҳалок шуданд

Дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳор намуд, ки ба хотири таҳкими амнияту оромии шаҳрвандон, мубориза бо дастаҳои  муташаккили ҷинояткор ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин рафъи хатару таҳдидҳои душманони миллат беш аз 2 ҳазор нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷони худро […]

ASIA-Plus



Дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳор намуд, ки ба хотири таҳкими амнияту оромии шаҳрвандон, мубориза бо дастаҳои  муташаккили ҷинояткор ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин рафъи хатару таҳдидҳои душманони миллат беш аз 2 ҳазор нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷони худро аз даст доданд, ки хотираи неки онҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.

Зимни суханронӣ вазири корҳои дохилӣ аз ҳуҷуми мусаллаҳонаи гурӯҳи ҷиноятпешаи собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) ёдовар шуда, қайд кард, ки  бар асари ин ҳамла якчанд нафар кормандони милитсия ҳалок ва захмӣ гардиданд. «Ин амал хиёнат ба давлату миллат, мардуми тараққихоҳи кишвар ва ватани ободу зебо мебошад», – гуфт ӯ ва ба хешону наздикони кормандони милисаи ҳалокшуда изҳори тасаллият кард.

Дар анҷоми чорабинӣ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров аз номи президенти мамлакат ба чанде аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мукофотҳои давлатӣ супурд. Бо фармони Президенти кишвар се нафар кормандони милитсия соҳиби рутбаи баланди генералӣ ва 31-нафар бо ордену медалҳо қадршиносӣ гардиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.