Президенти Қазоқистон аз шаҳри Турсунзода боздид мекунад

Дар доираи сафари расмии рӯзи 14 сентябр пешбинишудаи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон ӯ аз шаҳри металлургҳои тоҷик – Турсунзода боздид мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, пас аз анҷоми гуфтушунид бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлати Қазоқистон ният дорад, ки ба шаҳри Турсунзода ташриф […]

Аваз Юлдошев



Дар доираи сафари расмии рӯзи 14 сентябр пешбинишудаи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон ӯ аз шаҳри металлургҳои тоҷик – Турсунзода боздид мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, пас аз анҷоми гуфтушунид бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлати Қазоқистон ният дорад, ки ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, бо дастовардҳои боғпарварону металлургҳо шинос шавад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафари президенти Қазоқистон ба Душанбе ва аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ӯ бо сарвари давлати Тоҷикистон имзои бастаи нави асноди ҳамкориҳои дуҷониба дар назар аст.

Интизорӣ меравад, ки зимни гуфтушунидҳои сарони кишварҳои Тоҷикистону Қазоқистон натанҳо ба масоили рушди ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун, балки ба масоили таъмини амният низ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки пас аз анҷоми сафари расмӣ президенти Қазоқистон дар кори нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (15 сентябр) дар Душанбе иштирок мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.